МУЛОҚОТИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 2 июн бо комиссари олии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ Кнут Воллебек мулоқот кард. Ҳамрохон Зарифӣ зимни мулоқот изҳор намуд, ки қонуни амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллатҳои хурд озодии интихоби забони мубошират, таҳсил, ба даст воардани иттилоот ба забони модарӣ ва озодии имонро кафолат додааст. Қайд карда шуд, ки мақоми ҳуқуқии миллатҳои хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи ҷумҳурӣ, қонунҳои дигари амалкунандаи дохилӣ, инчунин муоҳидаҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Аҳдномаи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ муайян менамоянд. Комиссари олии САҲА изҳор намуд, ки ҳамкории самарабахш бо Тоҷикистон роҷеъ ба самтҳои гуногуни фаъолияти созмон давом дода хоҳад шуд. Вай зикр намуд, ки САҲА ба Тоҷикистон дар таҳияи лоиҳаи нави қонун ҳамаҷониба кӯмак мерасонад. Мусоҳибон нақшаҳои ояндаи ҳамкории Тоҷикистонро бо қароргоҳи Комиссари олии САҲА дар масъалаи ақаллиятҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






