МУЛОҚОТИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БО САФИРИ НИДЕРЛАНДИЯ

Июнь 10, 2009 10:03

                        Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо сафири кабири шоҳигарии Нидерландия дар Тоҷикистон Клаас Ван Дер Темпел бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизмати дипломатиаш дар мамлакати мо мулоқот кард. Зимни сӯҳбат вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, баъзе масъалаҳои байналхалқиву минтақавӣ, вазъияти Афғонистон ва Покистон муҳокима шуданд. Мусоҳибон дар бораи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Нидерландия сухан ронда, қайд карданд, ки содир намудани алюминий аз Тоҷикистон ба ин мамлакат ҷузъи муҳими ҳамкории онҳоро ташкил медиҳад.                       Зикр карда шуд, ки Нидерландия дар Тоҷикистон барномаҳои гуногунро амалӣ месозад.                       Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки вобаста ба мавҷудияти проблемаҳои обу энергетика мутахассисони Нидерландия дар ташхиси мустақилона ва омода сохтани ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии иншоотҳои гиндроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзанд.

Июнь 10, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд