МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО РАИСИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ САҲА

Июнь 13, 2009 10:56

                  Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар» Наргис Бояхмедова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 11 июн дар Душанбе бо раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Жоао Соареш мулоқот кард. Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ҳадафи сафари ҳайати парлумонии САҲА ба Тоҷикистон равнақу ривоҷи ҳамкории дуҷониба мебошад. Ҳ. Зарифӣ аз ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Ассамблеяи парлумонии САҲА изҳори қаноатмандӣ карда, хабар дод, ки моҳи феврали соли равон 15 солагии фаъолияти созмон дар Тоҷикистон таҷлил карда ва моҳи май дар Душанбе Коллеҷи олии қумондонии марзбонони САҲА кушода шуд.                  Ҳадафи таъсиси коллеҷ мубодилаи таҷриба ва маълумот дар байни мақомоти марзбони минтақа, тақвияти мубориза ба муқобил терроризм, қочоқи нашъа ва аслиҳа, инчунин хариду фурӯши одамон мебошад. Ж. Соареш изҳори умед намуд, ки намояндагони САҲА моҳи феврали соли 2010 дар интихоботи парлумони Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.  

Июнь 13, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд