МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. СТРОСС-КАН

Июнь 17, 2009 11:31

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Хазинаи байналмилалии асъорро, ки зери сарварии Директори тақсимкунандаи хазина Доминик Стросс-Кан ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.                  Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла оид ба коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои ҷудо намудани 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар доираи Барномаи нави ҳамкории Точикистон бо ин хазина баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ сурат мегирад, арзи сипос намуда, изҳори қаноатмандӣ кард, ки қисмати зиёди он соли равон маблағгузорӣ мешавад.                  Мусоҳибон оид ба роҳҳои зиёд намудани кӯмакҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмону кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, таъкид бар он доштанд, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки то имрӯз ҷудогашта барои босамар амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нокифояанд.                  Доминик Стросс-Кан ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ ва пулию қарзии он баҳои мусбӣ дода, изҳор намуд, ки масъалаи зиёд кардани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дорад ва ҳаҷми он ба наздикӣ муайян хоҳад шуд.                 Доминик Стросс-Кан сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, аз ҷумла далелҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора муътамад арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки захираҳои фаровони табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ имкон медиҳанд, ки дар оянда рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад.

Июнь 17, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд