МУЛОҚОТИ МУҲАҚҚИҚОНИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР БИШКЕК

Июнь 23, 2009 11:45

                    Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Олимон ва муҳаққиқони мамлакатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар давоми ҳамин ҳафта дар шаҳри Бишкек мулоқот хоҳанд кард. Онҳо дар семинаре ширкат меварзанд, ки дар он иҷрои барномаи таҳқиқоти хурд бо кӯмаки молиявии Пажӯҳишгоҳи Созмони ҳамкории минтақавии иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оғоз меёбад. Барномаи мазкур иштироки олимону муҳаққиқони маҳаллӣ ва муассисаҳои илмии минтақаи Осиёи Марказиро дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва тиҷорат дастгирӣ менамояд. Инчунин ҳамкории олимон ва муассисаҳои таҳқиқотии мамлакатҳои минтақа аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ карда мешавад. Тавассути барномаи мазкур ҳар сол дар яке аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ як барномаи таҳқиқотӣ бо маблағ таъмин карда хоҳад шуд.                    Маблағи калонтарини таҳқиқоти як мавзӯи илмӣ 25 ҳазор доллари ИМА мебошад. Соли 2009 дар Тоҷикистон маблағи мазкур ба гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии профессор, доктори илми иқтисод Абдушукур Назаров сазовор дониста шуд. Барномаи профессор Назаров ва ҳамкорони ӯ ба муайян намудани нақшаҳои стратегии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон равона карда шудааст.                   Пажӯҳишгоҳи Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказиро Бонки рушди Осиё, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, Барномаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода буданд.                                                                                                                Тарҷумон Қудратов А.

Июнь 23, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд