МУЛОҚОТИ МУҲАҚҚИҚОНИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР БИШКЕК
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Олимон ва муҳаққиқони мамлакатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар давоми ҳамин ҳафта дар шаҳри Бишкек мулоқот хоҳанд кард. Онҳо дар семинаре ширкат меварзанд, ки дар он иҷрои барномаи таҳқиқоти хурд бо кӯмаки молиявии Пажӯҳишгоҳи Созмони ҳамкории минтақавии иқтисодии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оғоз меёбад. Барномаи мазкур иштироки олимону муҳаққиқони маҳаллӣ ва муассисаҳои илмии минтақаи Осиёи Марказиро дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва тиҷорат дастгирӣ менамояд. Инчунин ҳамкории олимон ва муассисаҳои таҳқиқотии мамлакатҳои минтақа аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ карда мешавад. Тавассути барномаи мазкур ҳар сол дар яке аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ як барномаи таҳқиқотӣ бо маблағ таъмин карда хоҳад шуд. Маблағи калонтарини таҳқиқоти як мавзӯи илмӣ 25 ҳазор доллари ИМА мебошад. Соли 2009 дар Тоҷикистон маблағи мазкур ба гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии профессор, доктори илми иқтисод Абдушукур Назаров сазовор дониста шуд. Барномаи профессор Назаров ва ҳамкорони ӯ ба муайян намудани нақшаҳои стратегии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қирғизистон равона карда шудааст. Пажӯҳишгоҳи Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказиро Бонки рушди Осиё, Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, Барномаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода буданд. Тарҷумон Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






