МУЛОҚОТИ НАХУСТИН ОМБДУСМЕН БО НАМОЯНДАГОНИ СҶ

Июнь 19, 2009 16:56

                     Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Душанбе самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни мулоқоти нахустин Ваколатдор ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид.                    Дар мулоқот Зариф Ализода доир ба дурнамои фаъолияти ин мақоми навтаъсис ва нақшаҳои минбаъдаи он дар роҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузориш дод.Омбудсмен Зариф Ализода зикр кард, ки дар асоси нақшаи сохтор ҳамасола дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ин мақом доир ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон гузоришҳо таҳия мегардад. Дар робита намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ хостори таҳкими робита бо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ ва иштироки худ ҳангоми таҳияи гузоришҳои солонаи он шуданд.Мулоқоти мазкур бо ибтикори дафтари «Ҳуқуқи инсон ва рияои қонун» ва баъзе аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ташкил карда шуд.                     Дар назар аст, ки вақтҳои наздик мулоқоти нахустин омбудсмени тоҷик Зариф Ализода бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Июнь 19, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд