МУЛОҚОТИ САРВАЗИР БО ҲАЙАТИ ГУРЎҲИ ЕВРАЗИЯ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов имрӯз бо ҳайати гурӯҳи Евразия мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои мубориза ба муқобили аз худ кардани даромади ғайриқонунӣ бадастомада муҳокима шуданд. О. Оқилов зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол барои мувофиқ сохтани қонунҳои мамлакат ба талаботи мубориза ба муқобили аз худ намудани даромади ғайриқонунӣ ва амалӣ сохтани нақшаи ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурӣ барои тартибу таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ гурӯҳи махсуси корӣ ташкил дод, гуфт сарвазир.Оқил Оқилов изҳор намуд, ки барои таҳияи лоиҳаи Қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили қонунӣ гардондани даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастовардашуда ва терроризми молиявӣ» аз ҷумлаи кормандони варзида, гурӯҳи махсус ташкил карда шудааст. Сарвазир Гурӯҳи Евразияро даъват намуд, ки барои таҳияи қонуни мазкур маслиҳату машварат дода, кӯмаки техникӣ расонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






