МУЛОҚОТИ ЗИЛЗИЛАШИНОСОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДУШАНБЕ

Июнь 25, 2009 10:32

                     Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Аз 9 то 11 июли соли равон бахшида ба 60-солагии зилзилаи Ҳоит дар Душанбе конфронси минтақавии зилзилашиносони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ба он намояндагони ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват шудаанд. Конфронс бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии созмони байналхалқии СММ дар масъалаи кам кардани хавфи фалокатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.                     Иштирокчиёни конфронс проблемаҳои мавҷудаи соҳаи зилзилашиносӣ, имкониятҳои пешгӯӣ кардан ва бартараф сохтани оқибатҳои ин фалокати харобиоварро муҳокима хоҳанд кард.                     Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки субҳи барвақти 10 июли соли 1949 дар ноҳияи Ҳоит замин бо қувваи 7,8 бал аз рӯи ҷадвали Рихтер ҷунбид. Дар натиҷаи заминларза, як қисми кӯҳи наздикии деҳаи Ҳоит канда шуда, маркази ноҳияро пахш намуд.  Ҳамон рӯз 40 ҳазор нафар сокини деҳаи Ҳоит ва деҳаҳои дигари атрофи он зери хоку санг монд. Танҳо дар маркази ноҳияи Ҳоит 16,5 ҳазор нафар қурбон шуд. Водии Қаротегин ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои серзилзилатарини ҷаҳон ба шумор меравад. Солҳои охир дар натиҷаи пешрафти илм, истифодаи техника ва технология нав зарар ва оқибати заминларзаро то ҳадди имкон кам кардан мумкин аст. Барои ин ба қоидаҳои сохтани биноҳо риоя намуда, сохтмони маҳалҳои маскуниро ба нақша гирифта, аҳолиро ба ҳар гуна вазъияти ғайримуқаррарӣ тайёр намудан лозим аст. Дар конфронс роҷеъ ба тамоми масъалаҳои марбут ба пешгӯӣ, пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои зилзила маърӯзаҳо хонда мешавад.                                                                                                           Тарҷумаи Қудратов А.

Июнь 25, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад