МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Июнь 5, 2009 15:59

                  Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»).- Ҷумҳурии Чин шарикии боэътимоди худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи васеи барномаҳои иқтисодӣ қавӣ менамояд.                 Маблағи сармоягузориҳо танҳо дар чор созишномаи, ки ба наздикӣ миёни Тоҷикистон ва ширкатҳои хитоӣ ба имзо расида, зиёда аз як миллиард даллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар доираи ҳамин созишномаҳо нерӯгоҳи обии Нуробод — 1, ки иқтидори лоиҳавиаш 350 мегават мебошад, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 бо ангишт (200 мегаватт) ва заводи пуриқтидори семент, ки дар як сол як миллион тонна маҳсулот истеҳсол менамояд, сохта хоҳад шуд.                 Ширкатҳои чинӣ омода ҳастанд, ба сохтмон ва азнавсозии роҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Кулма-Қошғар, ки дарозии он 1009 км мебошад, ҷиддан машғул шаванд. Барои амалӣ сохтани нақшаи марҳилаи якуми азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе — Данғара аллакай 51 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.                Як қатор ширкатҳои чинӣ ба соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон, аз ҷумла барои истеҳсоли тилло, нуқра, мис, сурб ва рӯҳ 400 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ хоҳад кард. Бо қарзҳои имтиёзнок ва кӯмакҳои бебозгашти Чинӣ дар кишвар 4 лоиҳаи калонҳаҷми инвеститсионӣ ба маблағи 640 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст. Ин маблағҳо барои сохтмон ва азнавсозии шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд- Чанак, сохтмони хатҳои барқии 220 киловолтаи Лолазор — Хатлон ва 500 киловолтаи Ҷануб — Шимол ва нақби Шаршар равона шудаанд. Қобили зикр аст, ки барои амали сохтани корҳои иловагии сохтмони хатҳои барқии дар боло зикр шуда, бо ба имзо расонидани созишномаҳо 61 миллион доллари амрикоии дигар ҷудо мегардад.                Ҳамин тавр маблағи умумии сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ду миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.                Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин низ бо суръат афзоиш меёбад. Дар семоҳаи якуми соли равон афзоиши он 84%-ро ташкил дод. Соли 2008 ҳаҷми умумии гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Июнь 5, 2009 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад