МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНД БА СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРӢ

Июнь 9, 2009 14:41

                     Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 9 июн, таҳти раисии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, парванда аз рӯи муроҷиати шаҳрванд Любов Санокина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Номбурда дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзид. Инчунин дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, намояндаи Президенти кишвар дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.                    Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қарор қабул кард, ки қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 №341 «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он «нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар мӯҳлати як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод гардад» ба моддаҳои 5, 14, 20 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва ба он мутобиқ аст. Мӯҳлати яксолаи шикояти назоратӣ ба марҳилаи назоратӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин имкониятҳои зарурӣ фароҳам меорад.  

Июнь 9, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд