МУСОДИРАИ 100 КГ ГЕРОИН

Июнь 18, 2009 11:49

                  Хуҷанд, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Шахси номаълум шаби 16 июн ба навбатдори Раёсати назорати маводи нашъадори вилояти Суғд телефонӣ хабар дод, ки 2 нафар қочоқчӣ мехоҳад миқдори зиёди маводи нашъадорро аз деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Қирғизистон интиқол диҳад. Бо расидани ин хабар гурӯҳи зудамали тафтишотӣ ба маҳаллӣ мурқарраршуда фиристода шуд.                   Кормандони раёсат шабона қитъаи тарафи рости роҳи моншингарди Хуҷанд-Конибодомро дар наздикии деҳаи «60 -солагии Қирғизистон» аз назар гузаронданд. Дар натиҷаи кофтуков тақрибан 300 метр дуртар аз роҳи мошингард велосипеди тамғаи «Урал» ёфт шуд. Дар он 4 халтаи селофанӣ баста шуда буд. Халтаҳо пур аз моддаи нашъадори сахттаъсири героин буданд. Вазни умумии маводи нашъадор 100 килограму 398 грамро ташкил дод.                    Қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон фирор карданд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Дар халтачаҳои маводи нашъадор нишон ва мӯҳри махсус мушоҳида карда мешавад. Ин шаҳодат медиҳад, ки маводи нашъадор дар озмоишгоҳҳои махсуси Афғонистон истеҳсол карда шудааст.

Июнь 18, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд