МУСУЛМОНОНИ ИДМ ҶОНИБДОРИ СОЗГОРИИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ

Июнь 18, 2009 16:47

                        Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 17 июн дар Маскав дар мавзӯи «Мусулмонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷонибдори созгории миллӣ ва динӣ» конфронс оғоз ёфт. Дар он намояндагони идораҳои динии 8 мамлакати ИДМ, меҳмонон аз Эрон ва Кувайт иштирок доранд.                      Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур раиси Шӯрои исломии ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода ва роҳбари Сарраёсати масъалаҳои дини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Идибек Зиёев ширкат меварзанд.                     Дар конфронс масъалаҳои марбут ба истиқрори созгории байни динҳо ва миллатҳо, бештар сохтани самараи ҳамкории мусулмонони мамлакатҳои ИДМ, вусъат додани равобити байни динҳо ва муносибатҳои давлатию динӣ, тақвияти мубориза ба муқобили таълимоти бардурӯғи исломӣ ва зуҳуроти ифротгароӣ дар ислом муҳокима карда мешаванд.                                                                                                  Тарҷумон Қудратов А.  

Июнь 18, 2009 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд