МУСУЛМОНОНИ ИДМ ҶОНИБДОРИ СОЗГОРИИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 17 июн дар Маскав дар мавзӯи «Мусулмонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷонибдори созгории миллӣ ва динӣ» конфронс оғоз ёфт. Дар он намояндагони идораҳои динии 8 мамлакати ИДМ, меҳмонон аз Эрон ва Кувайт иштирок доранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси мазкур раиси Шӯрои исломии ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода ва роҳбари Сарраёсати масъалаҳои дини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Идибек Зиёев ширкат меварзанд. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба истиқрори созгории байни динҳо ва миллатҳо, бештар сохтани самараи ҳамкории мусулмонони мамлакатҳои ИДМ, вусъат додани равобити байни динҳо ва муносибатҳои давлатию динӣ, тақвияти мубориза ба муқобили таълимоти бардурӯғи исломӣ ва зуҳуроти ифротгароӣ дар ислом муҳокима карда мешаванд. Тарҷумон Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






