Н. САЛИМОВ ЗАРАРДИДАГОНИ ХУРОСОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Июнь 3, 2009 17:11

                   Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов дар рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон — 1 июн 30 нафар кӯдакон аз оилаҳои зарардидаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи бемориҳои тарбоди «Ҳушёрӣ», воқеъ дар ноҳияи Варзоб барои табобат оварда шуданд.                  Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 30 нафар кӯдакони ин ноҳия барои табобат оварда мешаванд.                  Барои табобат ва барқарорсозии саломатии ин кӯдакон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд.

Июнь 3, 2009 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд