НАҚШАҲОИ ХОҶАГӢ УМЕДБАХШАНД

Июнь 19, 2009 11:56

                            Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Кооперативи истеҳсолии хоҷагии деҳқонии (КИХД) ба номи Отаҷон Убайдуллоев дар ноҳия, вилоят ва дар соҳаи кишоварзӣ дар тамоми ҷумхурӣ маълуму машҳур аст. Бояд гуфт, ки баҳори соли гузашта Сарвари Давлат ба ин хоҷагӣ ташриф оварда, бо мардум ошно гардида, ба санъати волои мардуми деҳаи Қатаған баҳои баланд дода буд. Инак, имсол барои хоҷагӣ соли бобарор омад. Бо ҳамроҳии раиси хоҷагӣ Шӯҳрат Абдувалиев ба бригадаи рақами 4-и хоҷагӣ омадем. Сардори бригада Шарифбой Юлдошев дар бораи фаъолияти кишоварзии хоҷагӣ маълумот дод. Онхо дар 37га пахта кишта бо тамоми шароитҳои агротехнологӣ онро парвариш менамоянд.Зироатҳои дигар низ пӯхта расида ҳосилғундорӣ оғоз гардидааст. Онҳо кӯшиш доранд, ки аз 7га помидор 350 сентнери ҳосил ба даст оранд. Ҳосили гандум низ ба дараҷаи аълост, лаблабу,сабзӣ, макка, инчунин боғи зардолузор ва майдони тут ҳосили дилхоҳ дода истодааст. Онҳо мекушанд, ки плану нақшахои худро барзиёд иҷро намоянд.                         Механизатор Нишонбой Маҳмудов, обчӣ Эргаш Ҷумаев ва аъзоҳои беҳтарин Мақсуда Шерматова, Садоқат Рӯзиева, Зулола Дадобоева пурмаҳсул меҳнат менамоянд.   

Июнь 19, 2009 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд