НАҚШАИ АНДОЗҲОИ ИҶТИМОӢ ИҶРО НАГАРДИД

Июнь 5, 2009 10:48

                   Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Талаби нафақа ва кӯмакпулиҳое, ки ба воситаи муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохта мешаванд дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ 69901,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз ҷониби мақомоти Агентиии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар ҳаҷми 68258,3 ҳазор сомонӣ маблағ ба ин самт равона карда шудааст.                   Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳиссаи ба ӯҳдагирифтаашонро пурра маблағгузорӣ гардидааст.                  Маблағи напардохтаи нафақа дар ҳаҷми 1643,5 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ба ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Бохтар, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон рост меояд.                  Сабаби саривақт маблағгузорӣ нашудани нафақа, иҷро нагардидани нақшаи андозҳои иҷтимоӣ дар ноҳияҳои дар боло зикршуда мебошад. 

Июнь 5, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд