НАҶОТДИҲАНДАГОН ДУ НАФАРРО НАҶОТ ДОДАНД

Июнь 19, 2009 11:03

                       Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда бо кӯмаки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бар асари ду ҳодиса, ки яке дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре дар шаҳри Душанбе рух дод ду нафар аз марг наҷот дода шуд.Ҳодисаи аввал ҳангоми чаронидани чорво дар доманакӯҳи деҳаи Бурмаи ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ замин фурӯ рафт ва се нафар зери хок монд. Бо огоҳӣ пайдо кардани кормандони қумитаи ҳолатҳои фавқулодда ду нафари он аз марг наҷот дода шуд ва сеюмӣ дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид.                       Ҳодисаи дуюм дар кӯли ҷавонони пойтахт ба вуқӯъ пайваст: Донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ғарқ гардиданд ва онҳоро дар соати ғарқшавиашон наҷот додан муяссар нагашт ва рӯзи дигар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷисми беҷони онҳоро пайдо карда якеро ба шаҳри Роғун ва дуюмиро ба ноҳияи Айнӣ — ба зодгоҳаш интиқол доданд.  

Июнь 19, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд