НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ИнтерЛегПром»
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз 11 то 15 июни соли ҷорӣ дар Душанбе 4-умин намоишгоҳ-фурӯшгоҳи Байналхалқии «ИнтерЛегПром» барпо мегардад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Намоишгоҳ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Тавре иштирокчиёни нишаст иброз намуданд, намоишгоҳ бахшида ба рӯзи коргарони саноати сабуки Тоҷикистон баргузор мегардад, ва дар он ширкатҳои Тоҷикистон, Эрон инчунин дар назар аст, ки ширкатҳои Русия ва Туркия ширкат варзанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






