НАМОИШНОМАИ НАВ ДАР ТЕАТРИ ЛОХУТӢ

Июнь 10, 2009 10:53

                   Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар Театри давлатии академӣ -драммавии ба номи А. Лоҳутӣ аз рӯи асари адибони тоҷик Низом Қосим ва Ҷума Қуддус намоишномаи нав бо номи «Шов-шов» ба саҳна гузошта мешавад. Директори театри мазкур Ибодулло Машрабов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки асар дар замони шуравӣ навишта шудааст, аммо бо ёрии коргардон Зафар Ҷавводов ва драманависон онро ба асари маҳзакаи ҷолиби диққат ва мутобиқ ба замони имрӯза табдил доданд.                    Намоиш дар бораи ғайбати 2 кампир, ки ба муҳаббати ҷавонон дахолат мекунанд ва миш-миши онҳо, ки ба фоҷиа оварда мерасонад, ҳикоят мекунад.                    И. Машрабов зикр намуд, ки аҳамияти ин мавзӯъ дар он аст, ки ғайбат ва Миш-мишу овозаҳои беасосу бардурӯғро маҳкум менамояд, ин зуҳуроти номатлуб имрӯз ҳам дар рӯзгори мо бисёр ба назар мерасад.                    Нақшҳои асосиро ҳунармандони маъруф Марям Исоева, Саврӣ Сабзаалиева, Исо Абдурашидов, Дилбар Умарова ва Соро Сабзаалиева иҷро менамоянд.Нахустнамоиши он дар охири моҳ пешбинӣ шудааст.

Июнь 10, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд