НАМОЯНДАГОНИ ҶТ ИНТИХОБОТИ КИШВАРИ ҲАМСОЯРО МУШОҲИДА МЕНАМОЯНД
Душанбе, 9 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-18 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозири байналмилалӣ дар интихоботи президентӣ дар Қирғизистон, ки 23 июл баргузор мешавад иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Намояндагони Тоҷикистон, ки аксаран аз вилояти Суғд мебошанд ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистон, хусусан қитъаю ҳавзаҳои интихоботии ноҳияҳои вилояти Боткентро мушоҳида менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Қирғизистон 7 номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шудааст, ки яке аз онҳо Президенти кунунии ин кишвар Қурмонбек Боқиев аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






