НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТЕҲРОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕНАМАОЯД

Июнь 19, 2009 16:06

                   Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар» Марзия Саидова).- «Дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон намояндаи масъули Тоҷикистон дар масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши маориф ба фаъолият шурӯъ менамояд», изҳор дошт дар ҷараёни мулоқоташ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Рамазон Мирзоев зимни боздидаш аз маҳалли нави муассисаи фарҳангии ЭКО ва мулоқоташ бо мудири муассисаи мазкур Муҳаммад Раҷабӣ. Ин иқдом, афзуд Рамазон Мирзоев, дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон андешида шуда, мақсади он ҷалби донишҷӯёни эронӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои ин кишвар аст.                    Дар мулоқот мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуда, нақши сармоягузорони эрониро дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва туннели «Истиқлол» муҳим арзёбӣ карданд.                   Мусоҳибон тақвияти ҳамкориро дар масъалаҳои сармоягузории хориҷӣ, рушди ҳамкории илмию фарҳангӣ, бахусус, ҳунарҳои дастӣ, ва туризм аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои ЭКО арзёбӣ карданд.                  Коршиноси тоҷик дар умури фарҳанги муассисаи ЭКО Шохмансури Шохмирзо иттилоъ медиҳад, ки Сафири Тоҷикистон дар Эрон Рамазон Мирзоев баъд аз мулоқоташ бо мудири муассисаи фарҳангии ЭКО М. Раҷабӣ, барои хабарнигорон мусоҳибаи матбуотӣ ороста, ба саволҳои онҳо доир ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи фаъолияти ЭКО посухҳои мушаххас дод.

Июнь 19, 2009 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд