НАРХҲО ЧАРО БОЛО МЕРАВАНД?

Июнь 16, 2009 10:42

                Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мутахассисон сабаби боло рафтани нархро аниқ мекунанд,-иброз доштанд дар Вазорати рушди иқтисод ва cавдо ба мухбири АМИТ «Ховар».                Дар давоми ду ҳафтаи охир нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, қанд, шакар, равған, сӯзишворӣ 15-20 фоиз боло рафт, ки ин натанҳо боиси нигаронии аҳолӣ , балки кормандон ва мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдо низ гардид.                  Бо мақсади аниқ кардани сабабҳои боло рафтани нарх аз ҷониби Раёсати сиёсати зиддимонополии Вазорати Рушди иқтисод ва савдо гурӯҳи махсуси корӣ ташкил ёфт.                 Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, болоравии нарх таъсири худро ба бозорҳо расонд.  Соҳибкорон ва тоҷирон нархи орду қанд, равғану биринҷ ва сӯзишвориро худсарона баланд бардоштанд. Нархи як халта орд як ҳафта пеш 90 сомонӣ қиммат дошт ва он имрӯз дар бозор бо нархи 105 -110 сомонӣ ба савдо бароварда мешавад. Нархи шакар 0, 50 дирам, равған 2 сомонӣ, сабзӣ-0,30, картошка -0,20 дирам боло рафт.                 Гуруҳи кории Раёсати сиёсати зиддимонополии Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамаи бозорҳои шаҳру навоҳии мамлакат сабаби боло рафтани нархро меомӯзад ва ба он баҳо медиҳад.  

Июнь 16, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид