ОНҲО АВВАЛИН МУАЛЛИМАҲО БУДАНД

Июнь 22, 2009 15:33

                    Рашт 22 июн. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов).-Моҳи июни соли 1929 дар мактабҳои ибтидоии собиқ ноҳияи Ҳоит чор нафар духтарони озодандеш Оламбӣ Қосимова, Маълумбӣ Гадоева, Сайрамбӣ Фақирова ва Файзинисо Шоназарова ба касби пуршарафи омӯзгорӣ машғул буданд. Ба ноҳияи Ҳоит дастаи мухолифони давлати Шуравӣ бо сарварии Фузайл Махсум ҳуҷум намуданд ва баъди ҷанги кӯтоҳмуддат Ҳоитро дар қатори ноҳияҳои Ҷиргатол ва Қалъаи лаби обу Сангвору Тавилдара зери тасарруфи худ дароварданд. Баъди ишғоли Ҳоит тарафдорони сохти нав ва хизматчиёни давлатиро ба асорат гирифтанд.Раиси деҳшӯрои Ҳоит Чилабибӣ Ҳакимова,ки соле пештар муаллимаи мактаб буд,асир афтод.Аз муаллимаҳо Файзинисо Шоназарова худро аз болои пули Оби кабуд партофт. Ӯро дар поёни Ҳоит одамон аз об дар ҳолати мадҳушӣ бароварданд.Се нафар муаллима дастгир гардид.Чилабибӣ Ҳакимоваро бинобар ҳомиладор буданаш аз ҷазо озод карданд,аммо се нафар муаллимаро ба дор кашида ваҳшиёна қатл намуданд.                   Мақбараи муаллимаҳо дар ҳавлии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №22 деҳаи Ҳоит чой гирифтааст. Хонандагони мактаб бо сарварии директори он М.Мирзоев дар тозаву озода нигоҳ доштани мақбараи фидоиёни роҳи озодӣ саҳм мегузоранд. Аз мактабҳои дуру наздики ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои гирду атроф хонандагон ба хотири 80 солагии шаҳодати аввалин муаллимаҳои Ҳоит ба зиёрати мақбараи эшон меоянд. Ҳар бор директори мактаб аз рӯзгори аввалин занони муборизи Ҳоит баъди Инқилоби октябр ба хонандагон қиссаҳо мегӯяд.  

Июнь 22, 2009 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд