ОРИЁНФАР: «ПАЙВАСТШАВИИ ХАТИ МУОСИРИ АЛОҚА МУЖДАИ НЕК АСТ»

Июнь 4, 2009 11:53

                   Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Конфронси фосилавии видеоӣ бо иштироки Сарони ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, ки бо пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионии тариқи хатти нурию нахӣ 3 июн баргузор шуд, дар тақвияти муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар саҳифаи нави муносибатҳоро боз кард», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ».                    О. Шамсулҳақ афзуд, ки пайвастани шабакаҳои телекоммуникатсионӣ байни ду давлати дӯсту ҳамсоя аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва аз ҳама беш ба наздик гардидани мардумони ҳар ду давлат мусоидат менамояд.                   Бояд тазаккур дод, ки оғози муборак бахшидан ва фотеҳа додани Сарони давлатҳо ба пайвастшавии ин хати муосири алоқа байни Тоҷикистону Афғонистон, башорати некест аз дурнамои тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамзабон.

Июнь 4, 2009 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд