ОЁ МУТАХАССИС БО 150 СОМОНӢ КОР КАРДАН МЕХОҲАД?

Июнь 12, 2009 11:27

             Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти котиби матбуотии Вазорати маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон Ноилшо Нуралиев, соли хониши 2008- 2009 баъди хатми донишгоҳҳо 4705 нафар мутахассисони ҷавон ба соҳаи маориф ба кор фиристода шуданд. Аз кадрҳои ҷавони тибқи роҳхат ба кор равон кардашуда, ҳамагӣ 3158 нафар ба ҷои таъиншуда ҳозир шудааст.              Ба андешаи коршиносон сабаби ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон кам будани маош мебошад. Мутахассиси ҷавон дар мактаб барои як ставкаи корӣ ҳамагӣ 150 сомонӣ маош мегирад, ки ин дар шароити феълӣ барои таъмини рӯзгор кифоя нест.              Аз дигар тараф, ба мутахассисони ҷавон имтиёзҳои аз моҳи маи соли 2006 пешбинишуда, аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ дода намешаванд. Ин аст, ки мутахассисон ба касби интихобкардаашон дилгарм нестанд ва ба ҷои таъиншуда ба кор намераванд.

Июнь 12, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд