ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРИРО БА ТАСВИБ РАСОНД
Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи назорати вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ, Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозҳо аз даромад ва сармоя дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба тасвиб расиданд. Созишномаҳои мазкур ҷиҳат тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Латвия ва тавсеаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи кишварҳои ИДМ дар бахши назорати вазъи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ нақши муассир мебозад. Ҳамчунин, вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва маҳал», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва масъалаи сарҳадҳои ҳудудии Минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ»- ро баррасӣ ва қабул намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






