ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БА НОҲИЯИ БОХТАР ОМАД

Июнь 9, 2009 16:26

                 Бохтар , 9 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафар ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар омад. Ў дар ин ҷо бо фаъолияти хоҷагии сабзавоткории деҳаи Ғайрати ҷамоати Заргар шинос шуд. Хоҷагии мазкур 6 ҳазору 150 гектар замин дорад, ки 4476 гектари он замини обёришаванда аст. Дар ин ҷо дар масоҳати 196 гектар дар зери пардаи полиэтиленӣ навъҳои гуногуни сабзавоти барвақтӣ парвариш карда мешавад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аъзои хоҷагӣ то 1 июн 844 тонна помидор, 1271 тонна бодиринг, 26 тонна гулкарам ва 38 тонна карам ҷамъ оварданд. Дар деҳаи Ғайрат айни ҳол 176 гармхона мавҷуд аст, ки масоҳати он 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин гармхонаҳо 451 нафар кор мекунад.                 Аз хоҷагии мазкур ҳар рӯз ба муассисаҳои савдо ва бозор 10-15 тонна сабзавот фиристода мешавад. Сарвари давлат бо сокинони деҳоти ҷамоат мулоқот карда, зарурати ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарвариро таъкид намуд.                                                                                                       Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 9, 2009 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад