ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ ДАР НОҲИЯИ САРБАНД
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маросими ба истифода додани корхонаи собунпазӣ ширкат варзид. Корхонаро соҳибкори тоҷик Аловиддин Соҳибназаров ҳамроҳи яке аз соҳибкори афғон бо маблағи 450 ҳазор доллари ИМА сохтаанд. Корхона дар як сол 4 ҳазор тонна маҳсулот мебарорад. Алҳол дар ин ҷо 105 нафар кор мекунад. Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми маросими кушодани корхонаи собунпазӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ба ноҳияи Сарбанд рафт. Ў дар ин ҷо дар маросими ифтитоҳи корхонаи орд ширкат варзид, ки иқтидори солонаи он 30 ҳазор тонна мебошад. Корхонаи мазкурро Ҷамъияти саҳомии «Нури Дилшод» бунёд намудааст. Ҳоло дар корхонаи нав 90 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин карда шудааст. Дирӯз инчунин дар ин ҷо мактаби нави таҳсилоти умумии № 13 ба истифода дода шуд. Мактабро Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 1 миллион сомонӣ бунёд намуд. Тарҷумон Қудратов А.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






