ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ ШИРКАТ ВАРЗИД
Теҳрон, 17 июн. (АМИТ «Ховар» -РИА Новости).- Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи сешанбе ба шаҳри Екатеринбург омад. Бояд гуфт, ки Эрон дар созмони мазкур мақоми мушоҳид дорад. М. Аҳмадинажод дар тадбирҳои рӯзи дуюми мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ иштирок намуд. Вай мебоист як рӯз пеш ба Екатеринбург меомад, вале сафари худро як рӯз ба таъхир андохт. Тибқи нақша, президенти Эрон мебоист рӯзи душанбе бо Президенти Русия мулоқот мекард. Сабаби дер омадани Президенти Эрон ба Екатеринбург расман шарҳ дода намешавад. Яке аз сабабҳои ин рӯзҳои охир муташанниҷ гардидани вазъияти дохилии сиёсии Эрон вобаста ба интихоботи президенти мамлакат буда метавонад. Интихоботи президенти Эрон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баргузор гардид. Дар он М. Аҳмадинажод ба 62,63 % овози интихобкунандагон соҳиб гардида, боз президенти Эрон интихоб шуд. Ҳарифи асосии ӯ Мирҳусайни Мӯсавӣ 33,75% ва ду номзади дигари мансаби президентӣ ҳамагӣ бештар аз 2% овозҳоро ба даст оварданд. Баъди эълони натиҷаҳои интихобот муқобилони Аҳмадинажод ва намояндагони созмонҳои мухолифи ҳукумат ба кӯчаҳо баромаданд. Намоишгарон дӯконҳою мағозаҳоро ғорат карда, мошинҳои раҳгузарро оташ заданд. Байни намоишгарон ва политсия задухӯрдҳо рух доданд. Даҳҳо нафар тарафдорони мухолифин ба ҳабс гирифта шуданд. Тарҷумон Қудратов А.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






