ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ ШИРКАТ ВАРЗИД

Июнь 17, 2009 10:14

                     Теҳрон, 17 июн. (АМИТ «Ховар» -РИА Новости).- Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи сешанбе ба шаҳри Екатеринбург омад. Бояд гуфт, ки Эрон дар созмони мазкур мақоми мушоҳид дорад. М. Аҳмадинажод дар тадбирҳои рӯзи дуюми мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ иштирок намуд.                    Вай мебоист як рӯз пеш ба Екатеринбург меомад, вале сафари худро як рӯз ба таъхир андохт. Тибқи нақша, президенти Эрон мебоист рӯзи душанбе бо Президенти Русия мулоқот мекард. Сабаби дер омадани Президенти Эрон ба Екатеринбург расман шарҳ дода намешавад. Яке аз сабабҳои ин рӯзҳои охир муташанниҷ гардидани вазъияти дохилии сиёсии Эрон вобаста ба интихоботи президенти мамлакат буда метавонад. Интихоботи президенти Эрон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баргузор гардид. Дар он М. Аҳмадинажод ба 62,63 % овози интихобкунандагон соҳиб гардида, боз президенти Эрон интихоб шуд. Ҳарифи асосии ӯ Мирҳусайни Мӯсавӣ 33,75% ва ду номзади дигари мансаби президентӣ ҳамагӣ бештар аз 2% овозҳоро ба даст оварданд. Баъди эълони натиҷаҳои интихобот муқобилони Аҳмадинажод ва намояндагони созмонҳои мухолифи ҳукумат ба кӯчаҳо баромаданд.  Намоишгарон дӯконҳою мағозаҳоро ғорат карда, мошинҳои раҳгузарро оташ заданд. Байни намоишгарон ва политсия задухӯрдҳо рух доданд. Даҳҳо нафар тарафдорони мухолифин ба ҳабс гирифта шуданд.                                                                                                      Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 17, 2009 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад