ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН РАИСИ ИФТИХОРИИ ФЕДЕРАТСИЯИ САМБОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ИНТИХОБ ШУД

Июнь 11, 2009 12:03

                  Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Тошканд таҳти васояти Федератсияи самбои мамлакатҳои Осиё анҷумани муассисони Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни анҷуман Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси ифтихории федератсияи мазкур интихоб намуданд.                  Дар муроҷиатномаи ба унвони Президенти Тоҷикистон фиристодаи иштирокчиёни анҷуман ба саҳми калони ӯ дар рушди соҳаи варзиш баҳои баланд дода мешавад. Дар муроҷиатнома изҳори умед карда шудааст, ки бо дастгирии сарвари давлат варзиши самбо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми мамлакатҳои Осиё боз ҳам бештар густариш хоҳад ёфт.                  Анҷуман таҳти раёсати раиси Федаратсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов гузашт. Дар он намояндагони 5 мамлакати Осиёи Марказӣ, мушоҳидон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд. Намояндагони Тоҷикистон Маҳмуди Абдулло, Туркманистон- Ато Адоев, Қирғизистон — Нурлан Туқунаев, Қазоқистон- Асилбек Қулмагамбетов муовинони раис ва Ўзбекистон-Ҷалолиддин Ойхоҷаев муншии умумии федератсия интихоб гардиданд.

Июнь 11, 2009 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд