ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ СУҒД НОЗИРИ АНДОЗРО БА ҲАБС ГИРИФТ

Июнь 2, 2009 09:10

                          Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Нозири калони назорати андози ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба ҳабс гирифтанд.                          Нозири андози ноҳияи Ҷаббор Расулов Қаҳрамон Иброҳимов, барои қабули ҳисоботи фаъолияти соҳибкорӣ аз шаҳрванд Абдуваҳҳоб Тоҷибоев дар ҳаҷми 1000 сомонию 100 доллари амрикоӣ талаб намудани пора дастгир шуд.                          Шаҳрванд Абдуваҳҳоб Тоҷибоев дар бораи талаби пора нисбати нозири калони назорати андоз Қаҳрамон Иброҳимов ба шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Суғд бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуд. Сипас, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ порагир — нозири андози ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир карда шуд.                          Оид ба амали ин ҳодиса прокуратураи вилояти Суғд тафтишот мебарад.

Июнь 2, 2009 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд