Р. МАҶИДОВ БОЗ СУД ШУД

Июнь 18, 2009 10:15

                       Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Охири моҳи январи соли ҷорӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур якбора се нафар; модар, духтар ва дугонаи духтар бо ариза муроҷиат карданд.                       Даъвогарон дар бораи беасос лату кӯб шуданашон аз ҷониби Рустам Маҷидов аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба суд санад пешниҳод намуданд.                        Дар рафти мурофиаи судӣ, судшаванда Рустам Маҷидов гуноҳи содиркардаашро ба гардан гирифт.Суд баъди ошно шудан бо маводи парвандаи ҷиноӣ Рустам Маҷидовро дар асоси моддаи 116 («Зарбу лат»), 117 («Шиканҷа»)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ӯро муддати се сол аз озодӣ маҳрум ва барои адои ҷазо ба колонияи ислоҳии низомаш сахт ба маҳбас фиристод.                        Шояд бори чоруми дар маҳбас буданаш Рустам Маҷидов дар бораи ширинии озодӣ андеша кунад ва аз кардааш сахт пушаймон шавад.  

Июнь 18, 2009 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд