Р. МАҶИДОВ БОЗ СУД ШУД
Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Охири моҳи январи соли ҷорӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур якбора се нафар; модар, духтар ва дугонаи духтар бо ариза муроҷиат карданд. Даъвогарон дар бораи беасос лату кӯб шуданашон аз ҷониби Рустам Маҷидов аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба суд санад пешниҳод намуданд. Дар рафти мурофиаи судӣ, судшаванда Рустам Маҷидов гуноҳи содиркардаашро ба гардан гирифт.Суд баъди ошно шудан бо маводи парвандаи ҷиноӣ Рустам Маҷидовро дар асоси моддаи 116 («Зарбу лат»), 117 («Шиканҷа»)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ӯро муддати се сол аз озодӣ маҳрум ва барои адои ҷазо ба колонияи ислоҳии низомаш сахт ба маҳбас фиристод. Шояд бори чоруми дар маҳбас буданаш Рустам Маҷидов дар бораи ширинии озодӣ андеша кунад ва аз кардааш сахт пушаймон шавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






