РАҲИМОВ ВАКОЛАТРО БА ВАТАНОВ ДОД

Июнь 10, 2009 13:49

                  Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов пеш аз мӯҳлат қатъ гардид. Дар ин хусус, 10 июн дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ қарор қабул гардид. Ҳамзамон, Маҳмад Раҳимов аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намоянадагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд. Инчунин, бо қарори дигари палатаи поёнии парлумони мамлакат ваколатҳои намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.                  Маҳмадалӣ Ватанов намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.                  Бояд тазаккур дод, ки Маҳмад Раҳимов 4 июни соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӣ Эмомалӣ Раҳмон Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.  

Июнь 10, 2009 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд