РУШДИ ҲАМКОРИИ ФАРҲАНГИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Июнь 20, 2009 11:30

                     Маскав, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов дар шаҳри Маскав дар конфронси байналахалқӣ ширкат варзид, ки дар мавзӯи «Муколамаи фарҳангҳо-омили муҳими рушди ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ» баргузор гардид. Конфронс таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гузашт. Дар маросими ифтитоҳи он ёвари президенти Русия, раиси Шӯрои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Ҷаҳон Полиева, вазири маориф ва илми Қазоқистон Ҷонсаид Тӯймабоев, намояндаи махсуси президенти Русия дар Шӯрои ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва дигарон сухан карданд.                    Дар конфронс самтҳои муҳимтарини ҳамкории фарҳангии мамлакатҳои ИДМ, барномаҳои гуногун дар соҳаи муколамаи фарҳангҳо, ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва ғайра муҳокима шуданд. Иштирокчиёни конфронс пешниҳодро дар бораи тартиб додани феҳрасти ёдгориҳои дорои аҳамияти махсуси фарҳангии мамлакатҳои ИДМ, густариш додани равобити созмонҳои ҷавонон, ба роҳ андохтани ҳамкории илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон, инчунин тартибу таҳияи барномаҳои таълимиро барои мактабҳои олии омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Июнь 20, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд