С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «ҚОНУНҲОИ ҚАБУЛШУДА ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТИ ЗАМОНАНД»

Июнь 30, 2009 14:55

                 Душанбе, 30 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар давраи фаъолияти иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ давъати сеюм 138 қонун қабул карда шуд, ки аз он 60 -тоаш қонунҳои конститутсионӣ мебошанд», гуфт зимни маърӯзаи худ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Сайдулло Хайруллоев 30 июн дар иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагон. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 55 қарор қабул гардида, 17 Созишнома ва 5 Аҳднома ба тасвиб расонида шуд.  Қонунҳои қабулшуда, ҷавобгӯи талаботи замона ва меъёрҳои байналмилалӣ буда, нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон бузург аст.                 Инчунин, ду маротиба муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат бо иштироки вакилон ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷониби шаҳрвандон ба парлумони кишвар 544 муроҷиат расид ва 412 нафар шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони парлумони кишвар қабул гардиданд.                С. Хайруллоев доир ба таҳкими ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо созмонҳои бонуфузи парлумонӣ ва кишварҳои дунё сухан карда гуфт, ки дар ин давра байни Маҷлиси намояндагон ва Вулуси Ҷиргаи Афғонистон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ созмон дода шуд. Ҳамзамон, сарони кишварҳои Хорватия ва Туркия зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон боздид намуда, бо фаъолияти ин мақоми олии қонунгузор шинос шуданд.                 Инчунин, С. Хайруллоев доир ба касбияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар роҳи эҷоди қонунҳо ва таҷрибаи намояндагии онҳо, ки ба рушди парламентаризм дар кишвар мусоидат менамоянд, ибрози назар кард.

Июнь 30, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад