С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «ҚОНУНҲОИ ҚАБУЛШУДА ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТИ ЗАМОНАНД»
Душанбе, 30 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар давраи фаъолияти иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ давъати сеюм 138 қонун қабул карда шуд, ки аз он 60 -тоаш қонунҳои конститутсионӣ мебошанд», гуфт зимни маърӯзаи худ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Сайдулло Хайруллоев 30 июн дар иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагон. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 55 қарор қабул гардида, 17 Созишнома ва 5 Аҳднома ба тасвиб расонида шуд. Қонунҳои қабулшуда, ҷавобгӯи талаботи замона ва меъёрҳои байналмилалӣ буда, нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон бузург аст. Инчунин, ду маротиба муҳокимаи парлумонӣ сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат бо иштироки вакилон ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷониби шаҳрвандон ба парлумони кишвар 544 муроҷиат расид ва 412 нафар шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони парлумони кишвар қабул гардиданд. С. Хайруллоев доир ба таҳкими ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо созмонҳои бонуфузи парлумонӣ ва кишварҳои дунё сухан карда гуфт, ки дар ин давра байни Маҷлиси намояндагон ва Вулуси Ҷиргаи Афғонистон гурӯҳи дӯстии парлумонӣ созмон дода шуд. Ҳамзамон, сарони кишварҳои Хорватия ва Туркия зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон боздид намуда, бо фаъолияти ин мақоми олии қонунгузор шинос шуданд. Инчунин, С. Хайруллоев доир ба касбияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар роҳи эҷоди қонунҳо ва таҷрибаи намояндагии онҳо, ки ба рушди парламентаризм дар кишвар мусоидат менамоянд, ибрози назар кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






