САҲМИ «ТАЛКО» ДАР ИҚТИСОДИ КИШВАР БУЗУРГ АСТ

Июнь 1, 2009 12:33

                        Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, «ТАЛКО» ҳамчун иншооти стратегӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз аҳамият холӣ нест. Пардохти пули ширкати алюминии тоҷик ба буҷети давлат ва суратҳисобҳои корхонаҳои ватанӣ дар соли 2008 бештар аз 870 миллион сомониро ташкил дод. Ин дар суратест, ки истеҳсоли алюминий дар соли 2008 ба 400 ҳазор тонна расонида шудааст.                         Соли 2008 аз ҳисоби ширкат 286 млн. сомонӣ андоз, 102 млн. сомонӣ музди меҳнат, 360 млн. сомонӣ пардохти истифодаи барқ, 43 млн.сомонӣ пардохти қарзи «Тоҷикгаз» ва 57 млн.сомонӣ ҳаққи хизматрасони «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пардохт карда шудааст. Аз ин рӯ саҳми корхонаи «ТАЛКО» дар рушди иқтисодиёти кишвар хеле калон аст,-афзуд Шариф Раҳимзода.

Июнь 1, 2009 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд