САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ВМКБ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 7 июн дар 559 км шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ронандаи автомашинаи тамғаи «Нисан-Тирана» Комил Раҳматов бо суръати баланд ҳаракат карда, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, аз баландии 21 метр ба дарёи Панҷ афтидааст. Дар натиҷа мусофирони автомашина Ш. Солиҷонова, Ш. Солиҷоноваи 6 сола, Н. Қудратбеки яксола ва шаҳрванди Ҷумҳурии Чин (сину сол ва шахсияташ маълум карда мешавад) ба об афтида ғарқ шудаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон идома дорад. Тавре аз аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ронандаи автомашина, инчунин мусофирон Д. Абдулгурезов ва В. Айдарбегов бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи ноҳиявии Рӯшон бурда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






