САФАРҲОИ ҲУНАРИИ КОРМАНДОНИ СИРК
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Гурӯҳҳои ҳунарии сирки давлатии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба сафари ҳунарӣ мераванд. Муовини директори сирк Давлат Сафаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки як гурӯҳ ҳунармандон таҳти роҳбарии Тағоймурод Усмонов ба вилояти Хатлон сафар карданд. Гурӯҳи дигари ҳунарпешагон таҳти роҳбарии Бахтиёр Изатуллоев ба ноҳияҳои тобеъи марказ меравад. Ба гурӯҳи сеюм ҳунарпешаи варзида Шокир Болтаев роҳбарӣ мекунад. Сафари ҳунарии онҳо то охири август давом мекунад. «Мо ният дорем, ки ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карда, хотири ҳамаи сокинони онҳоро бо ҳунари волои худ шод гардонем», гуфт Д. Сафаров.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






