САФИР ШИРКАТҲОРО ДИЛПУР СОХТ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия Юрий Попов натиҷаи кори яксолаи ширкатҳои Федератсияи Россияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд. Сафир аз натиҷаи кори 7 ширкати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолиятдошта изҳори қаноатмандӣ намуд. Бори аввал аст, ки сафир бо иштироки пурраи намояндагони ширкатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта ҷаласаи корӣ доир кард. Сафир иброз дошт, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ширкати калонтарини Федератсия дар соҳаҳои гуногуни саноат маблағгузорӣ мекунанд. Гардиши мол дар соли 2008 миёни Федератсияи Россия ва Тоҷикистон ба 1,2 миллиард доллар расид. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ гардиши мол дар соли 2009 миёни ин ду давлат 930 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Дар соли ҷорӣ кӯмакҳои башардӯстонаи Россия ба Тоҷикистон бештар мегардад. Сафир тоҷирони Россияро дилпур сохт, ки ба тарзи доимӣ самаранокии манфиатҳои онҳоро дар Тоҷикистон ҳимоя хоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






