САНДУҚИ 1,5 МИЛЛИАРДАИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН МЕМОНАД

Июнь 19, 2009 11:05

                       Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба мушкилоти бӯҳрони молиявӣ нигоҳ накарда, Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузориашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш медиҳад.                       Тибқи созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сармоягузорони ин давлати тавоно дар сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод- 1», ки иқтидори лоиҳавиаш 350 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад 560 млн. доллар ҷудо мекунад.  Бо оғози соли 2010 кор дар ин иншоот оғоз меёбад. Ҳамчунин барои Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 400 млн. доллар, барои корҳои иловагии хатти интиқоли барқи 220 кВт-аи «Ҷануб- Шимол» 61млн, барои азнавсозии роҳи «Душанбе- Данғара» 51 млн. ва барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ, ки ҳаҷми истеҳсоли яксолаи он баробари 1 млн.тонна мебошад, 350 млн. доллар тахассус додаст.

Июнь 19, 2009 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд