САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН КАРД

Июнь 5, 2009 09:57

                  Душанбе, 5 июня. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). — Дирӯз гӯруҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шинос шуданд.                 Мувофиқи маълумоти пешакӣ бар асари офатҳои таббиӣ дар ноҳияи Хуросон 232 хонаи истиқоматӣ зарар дидаанд, ки аз онҳо 110 манзил ба пуррагӣ ва 122 хона қисман хароб гардидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои зарардида 61 гектар замин ҷудо карда, қариб дар ҳама қитъаҳои замин айни замон аз ҷониби ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст. Илова бар ин, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони хонаҳо 1800 тонна семент ҷудо гардида, ба зарардидагон 30 тонна орд, 3 тонна шакар, 3 тонна биринҷ ва 3 тонна равған расонида шудааст.                  Дар интиҳои боздид ва шиносоӣ бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Хуросон дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ситоди корӣ баргузор гардида, дар рафти он ҳисоботи шахсони масъул оид ба ҷараёни корҳои барқарорсозӣ шунида шуд.                  Бо натиҷагирӣ аз ҷараёни корҳо роҳбарони вазорату идораҳо ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон муваззаф гардиданд, ки корҳои бартарафсозии оқибати офатҳои табииро тезонида, барои фароҳам овардани шароити хуби зисту зиндагонӣ ба зарардидагон тадбирҳои бетаъхир андешанд.  

Июнь 5, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд