СЕ ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва нодуруст истифода бурдани аслиҳаи оташфишон се нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, яке аз ҳалокшудагон хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа лейтенант Абрибод Алишоев рӯзи 9 июн ва ду нафар сарбозони қатории гурӯҳи зудамали вазорати мазкур Зоҳир Мизоаҳмадов ва Ҷамолиддин Сайдамиров 14 июн ҳалок гардиданд. Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда тафтишот бурда истодааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






