СЕ ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ БА ҲАЛОКАТ РАСИДАНД

Июнь 17, 2009 10:32

                  Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва нодуруст истифода бурдани аслиҳаи оташфишон се нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.                  Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, яке аз ҳалокшудагон хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа лейтенант Абрибод Алишоев рӯзи 9 июн ва ду нафар сарбозони қатории гурӯҳи зудамали вазорати мазкур Зоҳир Мизоаҳмадов ва Ҷамолиддин Сайдамиров 14 июн ҳалок гардиданд.                   Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда тафтишот бурда истодааст.

Июнь 17, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид