СЕМИНАР ОИД БА «ҲАДАФҲОИ РУШДИ ҲАЗОРСОЛА»

Июнь 4, 2009 10:01

                  Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 3 июн бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалии IPPF, TFPA (Алянси банақшагирии оила дар Тоҷикистон) семинар-машварати банақшагирии дурнамо оид ба адвокатсия дар мавзӯи «Вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» баргузор гардид.                   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, дар кори семинар мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, тандурустӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Нуриддинова, муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иштирок ва суханронӣ намуданд.                    Дар семинар-машварат ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола» ва корҳои то имрӯз баанҷомрасида дар ин самт баррасӣ гардиданд. Ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва беҳсозии ҳифзи модарон мебошад.                   Таъкид гардид, ки сатҳи фавти навзодон ва модарон ҳанӯз баланд буда, яке аз масъалаҳои ҳалталаби Вазорати тандурустӣ ва шарикони он мебошад. Аз ин рӯ дар ин ҷода якчанд шарикони байналмилалӣ ба монанди Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), СУТ (ВОЗ), UNFPA ва GTZ ба кишвари мо кӯмак мерасонанд. Ҳамчунин дар он масъалаҳо оиди ҳуқуқҳо ва саломатии репродуктивӣ ва амалигардонии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                     Бояд таъкид намуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои глобалии башарият СММ барномаеро таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» қабул намуд. «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» барнома оиди мубориза зидди фақр ва умуман боло бурдани сатҳи зиндагӣ буда, дар маҷмӯъ 8 ҳадаф дорад. Барои ҳар як ҳадаф вазифаҳои алоҳида ва нишондиҳандаҳои миқдорӣ муайян гардидааст, дар асоси онҳо оид ба дараҷаи дастовардҳои барнома хулосабарорӣ карда мешавад. Барнома соли 2000-ум аз тарафи 147 сарвари давлат ва 189 намояндаи кишварҳои дунё қабул гардидааст.

Июнь 4, 2009 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад