ШӮҲРАТИ АСАРҲОИ АДИБ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Китоби нависанда ва муҳаққиқи тоҷик Мирзо Шукурзода «Тоҷикистон дар қаламрави ориёно» бори дуввум дар нашриёти «Деваштич» бо теъдоди 1, 5 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар Иттифоқи нависандагон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бори аввал ин китоб соли 2007 нашр гардида, ба зудӣ дастраси хонандагон гардид. Ин маҷмӯа 10 мақолаи бузургтарин олимони дунёро, ки дар бораи таъриху тамаддуни тоҷикон навиштаанд, дар бар мегирад. Соли 2008 ҳафтаномаи «Вароруд» ин китобро беҳтарин китоби сол эълон намуд. Ҳамчунин, китоби мазкур дар Эрону Покистон низ бо забони форсӣ бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Мирзо Шукурзода бахшида ба ҷашни 60-солагиаш китоби наверо бо номи «Размоварони Ҳиндукуш», ки дар бораи муборизаҳои озодихоҳонаи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳикоят мекунад, таълиф намуд. Китоби мазкур моҳҳои наздик дар нашриёти «Адиб» чоп хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






