ШӮЪБАИ НАВ ДАР БЕМОРХОНАИ МАЧИТОН
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил воқеъ дар шаҳраки «Шифо»-и ноҳияи Ваҳдат шӯъбаи нави табобати мултирезистентӣ (намуди ба дорувори зиддисилӣ мутобиқгаштаи сил) расман ба кор оғоз мекунад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки барои кушода шудани ин шӯъба ҳам аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи маблағгузорон саҳмгузорӣ шудааст. Бонки рушди Олмон барои ин 1,5 миллион евро ва Хазинаи глобалии СММ 250 000 доллари амрикоӣ ҷудо намуданд. Шӯъба дорои 80 кат буда, дар он бемороне бистарӣ карда мешаванд, ки гирифтори намуди сили ба доруворӣ мутобиқ мебошанд. Табобат дар он аз 6 моҳ то 1 сол давом намуда, ду давраро дар бар мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






